<?xml version="1.0" encoding="UTF-8"?><song><title>Ҳазрати Исо, Худованди ҷаҳон Хд106</title>
<lyrics>[V1]
.F
 Ҳазрати Исо, Худованди ҷаҳон,
 Молики хуршеду моҳу ахтарон!
.C                  Dm
 Ягона Наҷоткори насли башар,
. C                    Dm
 Дода баҳрат қудрати афзун Падар.

[V2]
 ϝудрати Ту аз ҳадди идрок беш,
 Мо ба Ту такя кунем, лек Ту ба Хеш.
 Ту ҳаёти ҷовидон дорӣ ба даст,
 Ихтиёри олами болову паст.

[V3]
 Ин ҷаҳон фонист, лекин, эй Шаҳриёр,
 Гуфтаҳои Ту бимонанд пойдор!
 Хуни покат рехтааст барои мо,
 То бубахшад пайравонатро Худо.

[V4]
 Ин фидокории Ту азим буд,
 Равшан чун хуршеду ҳам парвин буд.
 Зиндагии кӯтоҳи мо даргузашт,
 Навмедӣ аз дилҳои мо нобуд гашт.

[V5]
 Ҳар кӣ хоҳад аз Ту оби ҷовидон,
 Медиҳӣ онро барояш ройгон.
 Эй Худованд, ҳастӣ Тағйирнопазир,
 Зиндагии мо бо Ту ҳаст дилпазир.
 //  Қалби моро аз гуноҳ холӣ намо,  //
 //  Рӯҳи фараҳбахши Худро кун ато.  //</lyrics>
<hymn_number>106</hymn_number>
<key>F</key>
</song>